Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон шинос шуд

Декабрь 10, 2022 11:00

СУҒД, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи наве, ки бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст, шинос шуд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар корхонаи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, дар он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Таҷҳизоти муосири корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва ворид карда шуда, рӯзҳои наздик корхона ба кор пурра омода мегардад.

Дар минтақаи саноатии шаҳр бунёди корхонаи истеҳсоли хиштҳои газобетонӣ идома дошта, бо фаъол гардидани он 10 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки бо бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръат қадами устувор гузошта мешавад.

Дар идома роҳбари вилоят ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи истеҳсоли мехи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхона дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, моҳи феврал ба истифода дода шуд. Дар он зиёда аз 40 намуд мех бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешаванд.


Истеҳсоли мехҳои гуногун тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гашта, дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегарданд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят ҳамзамон аз корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» боздид намуд. Ин корхонаи азими саноатӣ пас аз чанд муддат дубора фаъол гардида, дар он истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Мутахассисони корхона тасмим гирифтаанд, ки аз иқтидорҳои истеҳсолӣ пурсамар истифода бурда, саҳми худро дар саноатикунонии мамлакат гузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 10, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара Майнинг» оғоз бахшиданд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад