«ШАБОВЕЗИ МИЛОД», «ПАЙКИ САФЕД», «ФАЙЗРЕЗАҲОИ СОЛ», «МЕҲВАРИ ИҚБОЛ». Ва ё дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон кадом намоишҳои солинавӣ манзур мешаванд?

Декабрь 30, 2022 13:31

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли нав ҷашнест, ки дар он аз дастовардҳои соли сипаригардида ёдовар шуда, оғози солро бо нақшаву ниятҳои нек пешвоз мегиранд.

Дар ин шабу рӯз дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, ки ба тамошобинон рӯҳияи идона мебахшанд, таҳия ва пахш мегарданд.

Телевизиони «Тоҷикистон»

31 декабр, соати 17:00 дар Телевизиони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Мелоди нур» пешкаши бинандагон гардонида мешавад.

31 декабр, аз соати 18:30 то 23:30 барномаи «Пайки сафед» баргузор мегардад. Дар он ба воситаи бахшҳои гуногун доир ба дастовардҳои самтҳои муҳими ҷомеа дар соли 2022 маълумот дода мешавад.

Инчунин дар ин барнома баҳри болидахотирии сокинон суруду оҳангҳои дилнишини сарояндагони мамлакат ва саҳнаҳои танзии ҳаҷвнигорони тоҷик пешниҳод гардонида мешаванд.

1 январ, соати 10:00 барномаи «Пайки сафед» такроран пахш мегардад.

Телевизиони «Сафина»

Дар МД «Телевизиони Сафина» 30, 31 декабри соли 2022 ва 1 январи соли 2023 барномаҳои солинавӣ тақдими тамошобинон мегарданд.

Барномаи «Фасли эҷод», ки муаллифонаш Фурқати Низом ва Шаҳло Тураева мебошанд, оид ба дастовардҳои фарҳангии вилояти Суғд таҳия шудааст.

Барномаи ҳаҷвии «Лутфи латиф», ки муаллифаш Хуршед Ҳафизов мебошад, ҳаҷву мутоиботи солинавиро фарогир аст.

Барномаи «Сайри Душанбе»— ин суҳбат дар роҳ аст. Муаллифи барнома Саиданвар Умаров мебошад.

«Ошёни сафед»- консерти калон бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ дар «Кохи Суруш»-и пойтахт аст.

Барномаи ҷамъбастии «Файзрезаҳои сол», ки муаллифашонаш Маҳмадёқуб Зокиров ва аҳли идораи иттилотии Навид мебошанд, оид ба ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ нақл мекунад.

Дар барномаи солинавии «Муҳофизони Ватан» Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматов ва сарбозони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Муаллифи барнома Мирзошариф Шарифов ва ҳайати эҷодии Телевизиони Сафина мебошанд.

Барномаи «Пешрафт» оид ба дастовардҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар ин рӯзҳо консерти идона аз «Кохи афсарон»-и шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад. Дар консерт ҳунармандони мақомоти низомӣ иштирок ва ансамблҳои «Сипар», «Марзбон» ва ғайра ҳунарнамоӣ мекунанд.

Барномаи дигари идонаи Телевизиони Сафина «Хушнамо» ном дорад, ки муаллифи он Саъдӣ Раҷабализода буда, дастовардҳои ҷавонони фаъол, варзишгарон, мутрибон ва сарояндагонро бозгӯӣ менамояд.

Телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз»

Дар телевизиони «Шаҳнавоз» шаби 30 декабр, соати 20:00 барномаи консертии «Набзи наво», ки муаллифаш Комрони Қурбон мебошад, пахш мегардад.

31 декабр, соати 6:20 барномаи солинавии «Насими субҳ» пешкаши мухлисону бинандагони ин шабака гардонида мешавад.

Шоми 31 декабр барномаи телевизионии консертии «Меҳвари иқбол» манзури бинандагон мегардад.

Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 31 декабр, соати 21:00 бахшида ба Соли нави мелодӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатии солинавӣ намоиш медиҳад.

Барои омода намудани ин барномаи ҷолиб муаллифон аз идораи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бештар заҳмат кашиданд. Дар ин барнома бахшҳо доир ба намоишҳои сайёҳӣ, лавозимоти сайёҳӣ ва варзишӣ, намоиши тарроҳон ва дигар бахшҳои диданӣ пешниҳод шудаанд. Инчунин дар барномаи идона оҳангу таронаҳои тозаэҷод ҷой дода шудаанд.

Аҳли эҷоди телевизион кӯшиш ба харҷ додаанд, ки дар ин рӯзҳо барномаҳое пешниҳод намоянд, ки ба тамошобинон рӯҳияи идона бахшанд.

Шабакаи «Ҷаҳоннамо»

Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ тасмим гирифтааст, ки бо пешниҳоди барномаҳои ҷолибу диданӣ, лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти башарият дар соли 2022, лаҳзаҳои ҷолибу нотакрор аз мусобиқоти ҷаҳонӣ ва ҳамчунин дастовардҳои беназири соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ фароғати бинандагонро афзун кунад.

Кормандони шабака бо роҳандозии фаъолияти шабонарӯзӣ дар бастҳои мухталиф давоми ин рӯзҳо барномаҳои ҷолиби «Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон», «Ҷаҳон дар Ҷаҳоннамо», «Дастоварди сол», «Нуқтаи назар», «Маслиҳати муфид», «Суҳбати муҳим», «Мистар», «Варзиш», «Геополитика» ва даҳҳо барномаи дигарро маҳз ба хотири ҷамъбасти муваффақонаи сол омода кардаанд, ки манзури бинандагон мегарданд.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо лаҳзаҳои аҷибу нотакрори ҳаёти сокинони сайёра дар қолаби «бидуни шарҳ» ва дар шакли хронологӣ пешниҳод мешаванд.

Телевизиони «Синамо»

Аҳли кормандони Телевизиони «Синамо» барномаҳои ҷолибро пешниҳоди тамошобинони худ мегардонанд. Аз ҷумла, «Маҳфили мухлисон»— барномаи идона бахшида ба Соли нав буда, дар он ҳаҷвнигорон ва сарояндагон иштирок менамоянд.

Ҳамзамон барномаи «Шабовези милод» пешкаши тамошобинон гардонида мешавад, ки дар он ҳунармандону киносозон оид ба эҷоду фаъолияташон нақл мекунанд.

Ҳамчунин тӯли ин рӯзҳо барномаи «Мизони хирад», намоиши филмҳои «Ҳасани аробакаш» ва «Нобиғаҳо», ки аз ҳаёту рӯзгори Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ нақл мекунад, дар назар аст.

 

Таҳияи

Шаҳлои САДРИДДИН,
Зарангези ЛАТИФ,
Раъно НУСРАТУЛЛО,
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 30, 2022 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад