Соли 2023 хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки соли равон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон амалӣ мегардад, ки имсол ду бонки давлатӣ- БДА «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» дар қатори 65 мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо шомили лоиҳа шуданд ва метавонанд кормандонро барои таҳсил ба Ҷопон сафарбар намоянд.
Вобаста ба амалӣ гардидани ин лоиҳа имрӯз миёни масъулон ва шарикон, инчунин кормандони «Саноатсодиротбонк» ҳамоиш доир шуд.
Муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордод миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон сафарбар гардиданд.
То ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Ҷопон хатм намуда, 32 нафари онҳо ҳоло таҳсилро идома дода истодаанд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид






