«СУХАН» ВА «УСТОД». Аз моҳи январи соли 2023 таҳти ин унвон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон машғулиятҳо дар бурсҳои омӯзишии адабӣ оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли 2023 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бурсҳои (курсҳои) давраии адабии яксоларо таҳти унвони «Сухан» ва «Устод» бо забони тоҷикӣ ва русӣ роҳандозӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» узви Иттифоқи нависандагон Искандар Ҳамроқулов иттилоъ дод.
Иттифоқи нависандагон аввалин шунавандагони машғулияти мазкурро, ки ҳафтае як маротиба дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон баргузор мегардад, даъват менамояд.
Искандар Ҳамроқулов иброз дошт, ки курси мазкур аз се давраи омӯзишӣ, аз ҷумла назариявӣ, омӯзиши мухтасар дар бораи адабиёти Шарқу Ғарб ва эҷодиёти худӣ иборат буда, адибону нависандагон ва шоирон — аъзои Иттифоқи нависандагон, инчунин забондонҳову адабиётшиносон ба шунавандагон сабақ медиҳанд. Пас аз хатми курс ба иштирокдорон диплом дода мешавад.
Ҳамзамон, ба зикри ҳамсуҳбати мо, барои иштирок дар синну сол маҳдудият гузошта намешавад ва аз наврас то калонсолон метавонанд дар он озодона ва бо эҷодиёти худ иштирок намоянд.
Машғулияти мазкур аз моҳи январ оғоз гардида, хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар бо рақами телефони 919 333 888 тамос гиранд.
АКС аз манбаъҳои боз








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сатҳи дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ 13 Шурои экспертӣ фаъолият доранд
Соли равон 85 хатмкунандаи Академияи идоракунии давлатӣ соҳиби дипломи аъло шуданд
Дар Душанбе вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи металлургия баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кооператсия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Соли равон 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад
Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ оғоз гардид
Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд






