ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1585 то 0.1610 сомонӣ муқаррар шудааст

Декабрь 7, 2022 08:05

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 10.2065 сомонӣ;

1 евро – 10.7474 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1585 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 10.2065 то 10.1000 сомонӣ;

1 евро аз 10.7474  то  10.6800 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1585 то 0.1610 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Декабрь 7, 2022 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш