ВАО: дар Афғонистон таркиши мошини дорои сӯзишворӣ дар нақб ҳамлаи террористӣ буд
ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таркиши мошини дорои сӯзишворӣ дар нақб дар ағбаи Соланги вилояти Парвони Афғонистон ҳамлаи террористии қаблан тарҳрезишуда буд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора рӯзномаи Афғонистон «Hashte Subh» рӯзи чоршанбеи 21 декабр хабар додааст.
Манбаъҳои он бо истинод ба гузориши Вазорати корҳои дохилии ҳукумати муваққатии Афғонистон, ки аз ҷониби ҳаракати радикалии «Толибон» ташкил шудааст (дар Тоҷикистон мамнуъ аст- Тавзеҳи АМИТ «Ховар»), тасдиқ мекунанд, ки сӯхтор дар нақб бо таркиши якчанд минаҳо рух додааст, ки яке аз онҳо дар дохили мошини сӯзишворӣ будааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони рӯзнома, таркишҳо дар вақтҳои гуногун ба амал омадаанд. Онҳо ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номиданд. Дар ҳамин ҳол манбаи дигар иттилоъ додааст, ки ду таркиш рӯзи шанбе ва боз дутои дигар — рӯзи якшанбе ба амал омадаанд.
Намояндаи раёсати корҳои ҷамъиятии вилоят Ҳамидулло Мисбоҳ рӯзи якшанбе ба TOLO News иттилоъ дод, ки ин ҳодиса рӯзи шанбе, 18 декабр, тақрибан соати 6:30 бо вақти маҳаллӣ (19:00 бо вақти Душанбе), замоне ки мошини дорои сӯзишворӣ чаппа шуда, оташ гирифт, рух дод. Сӯхтор танҳо субҳи рӯзи якшанбе пешгирӣ карда шуд. Тибқи маълумоти охирини рӯзномаи «Hashte Subh», шумораи қурбониёни ҳамла ба 100 нафар расид, ҳадди ақалл 120 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот






