ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ. Иттиҳоди Аврупо замини солимро ҳамчун манбаи ғизои солим дар Тоҷикистон тарғиб мекунад
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оиди рушди фарогири деҳот/ TRIGGER дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти озуқӯаворӣ ва кишоварзиии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз»-ро дар гузаронидани симпозиуми дурӯзаи илмию амалӣ бахшида ба ҷашни солонаи Рӯзи умумиҷаҳонии хок дастгирӣ намуд. Дар симпозиум 50 нафар иштирокчиён, аз ҷумла мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, олимон, академикҳо ва коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хок ва кишоварзон ҷамъ омаданд.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода зикр намуд, ки таназзул ва шӯршавии замин, инчунин истифодаи бесамари он мушкили умумии тамоми инсоният мебошад.
Рӯзи умумиҷаҳонии замин 2022 (#WorldSoilDay) таҳти шиори «Замин — манбаи озуқаворӣ” мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи аҳамияти маводи ғизоӣ ва талафоти ҳосилхезии заминро дорад, ки дар тӯли 70 соли охир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Замин манбаи муҳими зинда маҳсуб меёбад, ки онро ҳифз кардан лозим аст. Ҳосилнокии он омили муҳимтарини зироаткорӣ мебошад. Замин зиёда аз 25 фоизи гуногунии биологии сайёраи моро дарбар мегирад ва одамонро бо 95 фоизи озуқа таъмин мекунад. Аслан, замини солим асоси ғизои солим, кӯмак зидди тағирёбии иқлим, инчунин захира ва соф кардани об мебошад.

«Чунон ки ҳамаи мо медонем, замини солим ва тухмии солим асоси истеҳсоли ғизои солим мебошанд. Вале далелҳо ва рақамҳо нишон медиҳанд, ки таназзули замин ва хок аллакай ба зиёда аз 20 фоизи аҳолии ҷаҳон таъсир мерасонад”, — гуфт ҷаноби Вулф-Хендрик Горетски, директори Лоиҳаи рушди фарогири деҳот /TRIGGER,- Даромади деҳқонон ва амнияти озуқаворӣ дар зери хатари таъсири таназзули бардавоми захираҳои замин қарор гирифтааст».
Лоиҳа ва шарикони он чорабиниҳоро оид ба идоракунӣ ва ҳифзи замин, аз ҷумла натиҷаҳои 2 қитъаи намоиширо оид ба: 1) муқоисаи таъсири ғизодиҳии решагӣ бо истифода аз нуриҳои органикӣ ва минералӣ ва ғизодиҳии баргӣ ба ҳосилнокии картошка ва 2) истифодабарии заҳрхимикатҳо ва маҳлулҳои аз растанӣ тайёршуда барои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон дар водии Раштро аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Рушди муносибатҳои миёнмарзи дар ноҳияи Ҷиргатол” пешниҳод намуданд. Шарики лоиҳа – ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон” (БҶИИМК) натиҷаи таҷрибаи муваффақ оид ба баланд бардоштани ҳосилхезии замин тавассути истеҳсол ва истифодаи био-гумус дар водии Зарафшонро пешниҳод намуд.
«Ҳаёт дар рӯи Замин аз замини солим вобаста аст ва замин зери фишори бисёре аз фаъолияти инсонӣ ва аз он ҷумла фаъолияти иқтисодӣ низ қарор дорад» қайд намуд ҷаноби Ҷузеппе Аристеи, Роҳбари бахши об дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва илова намуд: «Ҳифз накардани хок ба хароҷи калони иктисодӣ хоҳад овард, хароҷи пешгирӣ бошад нисбат ба хароҷи ислоҳ камтар аст”.
Дар рӯзи дуюм Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» хизматрасониҳои худро оид ба таҳлили ҳамаҷонибаи хок тавассути намоиши амалии таҳлили хок дар озмоишгоҳ пешкаш намуданд. Намоиш бо боздид аз саҳро ва омӯзиши амалӣ оид ба гирифтани намунаи хок аз ҷониби мутахассисони ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» ба анҷом расид.
Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) буда, ба афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.
АКС: Намояндагии ИА дар ҶТ












Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






