Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон барои солҳои 2023-2025 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Декабрь 24, 2022 15:26

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр  мулоқоти Вазирони  корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон Сироҷиддин Муҳридиин ва Ҳаяши Ёшимаса баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2023-2025 ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 23 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ширкат намуд.

Дар ҷараёни мулоқот атрофи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва инчунин аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» табодули афкор гардид.


Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 24, 2022 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд