БА ШАРАФИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд иншооти гуногун бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои созандагӣ вусъат ёфта, иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз фурудгоҳ ҷараёни корҳои ободониро таҳти таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди фурудгоҳ бунёди коргоҳи дӯзандагӣ, тарабхона, ошхона, меҳмонхона идома дошта, ҳадаф аз сохтмони иншоот боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад.
Коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулот аз як ошёна иборат буда, дар айни замон дар он 40 нафар бинокорон машғули коранд. Дар сохтмони тарабхона ва ошхона барои 150 нафар низ теъдоди зарурии сохтмончиён кор мекунанд. Тибқи нақша, ошхона барои шаҳрвандон ва кормандони фурудгоҳ 24 соат фаъолият мекунад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ҳамзамон навсозии меҳмонхонаи фурудгоҳ идома дошта, бино бо назардошти талаботи рӯз ба истифода дода мешавад. Меҳмонхонаи фурудгоҳ соли 1970 сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Бино дорои 90 хона буда, дар як вақт метавонад то ба 200 нафар хизмат расонад. Баъди ифтитоҳ дар меҳмонхона то 30 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Дар фурудгоҳ нуқтаи назоратӣ низ фаъол гардонда шуда, 160 адад камера насб гардидаанд, ки аризаву дархости шаҳрвандон сари вақт қабул ва баррасӣ мегарданд.
Раиси вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва бо сифати баланд омода намудани иншоот ба роҳбарияти фурудгоҳ супориш дода, таъкид кард, ки фурудгоҳ бояд ҳамеша зебову озода бошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






