Барои кумакрасонӣ ба ронандагон дар шоҳроҳи байналмилалии Кулма-Хоруғ-Душанбе ситод ташкил шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардиҳои моҳи январ, ки пастшавии ҳаво дар баъзе мавзеъҳои алоҳидаи яке аз ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар — Мурғоб ба 36-40 дараҷа мерасад, ба фаъолияти ронандагони мошинҳои боркашонии роҳи байналмилалии Кулма-Хоруғ- Душанбе, ки яке аз шоҳроҳҳои муҳими стратегӣ барои иқтисоди кишварамон аст, бетаъсир намонд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иттилоъ медиҳад.
Дар иртибот ба ин барои дастгирии ронандагон ва мусофирон дар чунин ҳавои сард таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ситоди фаврӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби ситоди мазкур барои ронандагони мошинҳои боркаши масири байналмилалии Кулма-Хоруғ- Душанбе ва мусофирон нуқтаҳои гарм ташкил ва онҳо бо хӯроки гарму ҷойи хоб таъмин шуданд. Инчунин дар ин нуқтаҳо ба онҳо кумаки тиббӣ расонида шуд.
Дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб аз ҷониби ситоди мазкур гурӯҳҳои кумаки техникӣ ва кумакрасон ташкил гардидаанд, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»






