Bloomberg: солҳои 2023-2024 дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таварруми баланд боқӣ мемонад. Сатҳи он дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар бисёр давлатҳо имсол ва солҳои оянда дараҷаи баланди таваррум боқӣ мемонад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Bloomberg бо истинод ба пешгӯии ширкати консалтингии байналмилалии Boston Consulting Group (BCG) иттилоъ додааст.
Тибқи пешгӯиҳои ширкати консалтингии байналмилалии Boston Consulting Group, ҷаҳон тадриҷан ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ мешавад. Дар ин замина интизор меравад, ки афзоиши нархҳо коҳиш ёбад. Бо вуҷуди ин солҳои 2023 ва 2024 нишондиҳандаҳои таваррум баланд боқӣ мемонанд.
Дар Boston Consulting Group чунин меҳисобанд, ки болоравии нархҳо дар пасманзари буҳрони Украина ба амал омадааст. Бинобар муноқиша дар Украина ба занҷирҳои таъминот дар чунин соҳаҳои муҳим, аз қабили кишоварзӣ, энергетика, тиҷорати металлҳо ва нимноқилҳо осеби ҷиддӣ расид. Ба болоравии нархҳо инчунин гузариш аз тиҷорати ҷаҳонӣ ба бештар минтақавӣ мусоидат намуд.
Коршиносони Boston Consulting Group интизор доранд, ки то соли 2031 суръати миёнаи рушди тиҷорати ҷаҳонӣ дар як сол 2,3%, ММД-и ҷаҳонӣ 2,5%-ро ташкил медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар Тоҷикистон сатҳи мақсадноки таваррум дар соли 2023 дар сатҳи соли 2022 боқӣ мемонад. Дар ин бора дар пешгӯии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зикр шудааст.
Тибқи маълумот, дар давраи аз соли 2023 то соли 2024 ин нишондиҳанда 6% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад. Аммо БМТ эътироф кардааст, сабабҳое мавҷуданд, ки метавонанд боиси боло рафтани нархҳо ва тарофаҳои истеъмолӣ шаванд.
«Ин омилҳо аслан ғайрипулӣ буда, асосан дар натиҷаи таъсири зарбаҳои берунӣ – боло рафтани нархи ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ ва маводи сӯзишворӣ ба вуҷуд меоянд», — омадааст дар ҳуҷҷат.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ дар сабади истеъмолии Тоҷикистон тақрибан ба 60% мерасад. Дар робита ба ин танзимкунанда тамоми захираҳоро барои нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона мекунад.
Танзимкунанда ният дорад, ки соли 2023 амаласозии сиёсати қурби асъорро дар асоси тартиби «қурби шинокунандаи идорашаванда бе муайянкунӣ ва эълони ҳудудҳои тағйирёбии қурби асъор» идома диҳад.
Ҳамчунин бояд зикр кард, ки 23 декабри соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор доштанд, ки соли 2022 таваррум дар бозори истеъмолии кишвар 4,2 фоизро ташкил дод, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар ИДМ мебошад.
АКС: pixabay.com








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






