Cоли 2022 дар вилояти Суғд 43 иншооти соҳаи маориф бо беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар вилояти Суғд 43 иншооти соҳаи маориф бо 12 ҳазору 308 ҷойи нишаст, аз ҷумла дар назди 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11 ҳазору 98 ҷойи нишаст ва 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1 ҳазору 210 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Гуфта шуд, ки соли гузашта бинои муассисаи таълимии №7 дар шаҳри Конибодом, Мактаби байналмилалии “Контакт интернешнл” бо 800 ҷойи нишаст дар шаҳри Исфара, бинои иловагии муассисаи таълимии №15 барои 840 ҷойи нишаст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои муассисаи таълимии №65 бо 640 ҷойи нишаст, муассисаи таълимии №49 бо 240 ҷойи нишаст дар шаҳри Панҷакент ва бинои муассисаи таълимии №28 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра бинои 18 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор карда шуд. Ҳоло дар 11 бинои садамавии муассисаҳои таълимии вилоят корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд.
АКС аз бойгонӣ








Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






