Дар анбору сардхонаҳои вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми зарурӣ захира карда шудааст

Январь 30, 2023 16:26

ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ расонида шуд, ки тибқи арзёбии масъулон, ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли 2021 баробар мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка 396 ҳазору 235 тонна дон, аз ҷумла 173 ҳазору 572 тонна гандумро ташкил додааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 562 ҳазору 924 тонна картошка, 608 ҳазору 540 тонна сабзавот, 124 ҳазору 477 тонна мева ва 148 ҳазору 551 тонна полезӣ истеҳсол гардидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи молу маҳсулот барои давраҳои минбаъда, хоҷагидорони вилоят асосан аз имконияту иқтидори анбору сардхонаҳои замонавӣ, ки тайи солҳои охир бунёди онҳо вусъат ёфтааст, васеъ истифода мебаранд ва аз ин ҳисоб бозори истеъмолиро дар фасли зимистон ва оғози фасли баҳор бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоянд.

Ҳоло дар анбору сардхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 135 ҳазору 375 тонна картошка, 21 ҳазору 760 тонна пиёз, 6 ҳазору 739 тонна сабзӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст. Дар ҳолати афзоиши талабот маҳсулоти захирашуда ба фурӯш бароварда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон дар вилояти Суғд 40 сардхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2023 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад