Дар Балҷувон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар мавсими сармо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Балҷувон бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани мавсими сармо ва таъмини бехатарии рафтуомади мусофирону воситаҳои нақлиёт дар фасли зимистон ба миқдори 420 куб қум, 10 тонна намак, 1000 литр сӯзишворӣ, 9 метри мукааб ҳезум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира карда шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Тавре сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ин ноҳия Изатулло Юсуфов зикр кард, дар минтақаҳои кўҳии мамлакат нигоҳдории роҳҳо дар мавсими сармо кори мушкил буда, аз кормандони ин ниҳод масъулияти баландро талаб дорад.
«Дар муассисаи мо 27 корманд фаъолият дошта, дар тавозуни он 9 техникаи гуногунтамға мавҷуд аст. Маъмурияти корхона имрӯзҳо кӯшиш мекунад, ки ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаҳои нақлиётро дар давраи сармои зимистон дар сатҳи баланд ба роҳ монад. То имрӯз, аллакай, ду маротиба роҳҳои душворгузари Балҷувон – Ховалинг ва Темурмаликро аз барф тоза намудем»,- афзуд Изатулло Юсуфов.
Ёдовар мешавем, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, мумфаршу сангфарш кардани роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Балҷувон аз ҷониби Вазорати нақлиёт маблағи 135 089 сомонӣ, Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 120 550 сомонӣ ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 200 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. То имрӯз аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда, зиёда аз 20 километр роҳҳо мумфаршу сангфарш гардида, дар атрофи роҳҳо дарахтони арча шинонда шудааст. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ дар 10 моҳи соли равон 7, 6 километр роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти Сайф Раҳимов ва Балҷувон ба маблағи умумии 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, пурра шағалпӯш гардиданд. Ҳамзамон, 6,3 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи Балҷувон – Дектур – Оличадара, 1,3 километр роҳҳои Балҷувон – Гурдара – Холдорчашма ва 1,2 километр роҳҳои маҳаллии Балҷувон – Тӯпхона аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошинбилгард шағалпӯш карда шуд.
Дар маҷмуъ, имрӯзҳо раванди корҳои зимистонгузаронӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Хотиррасон мешавем, ки ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бунёди 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, сохтмони 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ ва 205 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст.
АКС: манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






