Дар Душанбе барои тоза кардани роҳҳо аз барф зиёда аз 200 адад техникаҳо фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти зиёди барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди пойтахт боиси сар задани мушкилоти зиёд миёни аҳолӣ гардид. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби масъулини чор ноҳияи шаҳри Душанбе 205 адад техникаҳо барои тоза намудани роҳҳо аз барф сафарбар гардида, бехатарии роҳҳоро таъмин намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
«Дар айни замон барои тоза кардани роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 36 адад, Фирадвасӣ, 47 адад, Шоҳмансур 57 ва Сино 65 адад техникаҳо корбарӣ намуда истодаанд», — иттилоъ дод манбаъ.
Ҳамзамон барои тоза кардани роҳу хиёбонҳо ва мавзеъҳои сераҳолии шаҳри Душанбе аз барф наздики 3500 нафар кормандони коммуналии пойтахт ва Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳри Душанбе фаъолият доранд, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо бо роҳи тозакунӣ ва пошидани маводи зидди лағжиш (қум ва намак) сафарбар шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муроҷиатномаи худ аз сокинону меҳмонони пойтахт хоҳиш намудааст, ки дар рӯзҳои сарди зимистон, яъне аз 10 то 14 январи соли равон аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набаранд. Дар муроҷиатнома ҳамзамон зикр шудааст, ки сокинон метавонанд аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода намуда, инчунин дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






