Дар Душанбе масъалаи татбиқи иқтисоди «сабз»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи амалигардонии бандҳои «Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» зимни вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода бо сардори шуъбаи муҳити зисти Департаменти иқтисодию экологии Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе Муҳаббат Камарова баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.
Зарафо Қиёмзода зимни мулоқот ба намояндаи Дафтари САҲА дар Душанбе ҷиҳати ҳамкории судманд бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва саҳми муносиб гузоштан дар беҳдошти муҳити зист изҳори сипос намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории дуҷонибаи судманд Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе ба чопи маводи маърифатию иттилоотие, ки аз ҷониби кормандони Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ таҳия карда шудаанд, ёрии ҳамаҷониба мерасонад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тавсеаи ҳамкории судмандро ҷиҳати амалигардонии бандҳои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалигардонии иқтисоди сабз, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Конвенсияи Орхус дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






