Дар Хатлон нуқтаи тиббӣ барои паноҳандагони эҳтимоливу зарардидагони офатҳои табиӣ ба истифода дода шуд

Январь 13, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон маркази ҷойгирии муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ ва онҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, нуқтаи тиббӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти раёсати Департаменти дастгирии кишварҳо, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Дафтари аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Гундо Уэйлер ва роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.

Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ҳотамшо Латифзода намояндагонро бо нуқтаи тиббӣ шинос намуда, санади супурдани биноро бо Гундо Уэйлер имзо намуданд.

Ин нуқтаи тиббӣ дар доираи ҳамкории байналмилалии Кумита бо шарикони рушд дар самти коҳиши хатари офатҳо сохта шуд.

Ин нуқта имкон медиҳад, ки дар сурати сар задани офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда тақрибан 100 оилаи аз манзил ва амволи худ маҳрумшуда бо ҳадди ақали ашёи зарурӣ: хайма, дорухонаи шахсӣ, зарфҳои об, бастаҳои беҳдоштӣ, болишту кӯрпа ва маҷмаъаҳои ошхонаӣ таъмин бошанд.

Ҳамчунин бо оби нӯшокӣ, неруи барқ, ҳаммом ва ҳоҷатхонаву дигар ҷиҳози зиндагӣ таъмин аст.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 13, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд