Дар ноҳияи Дарвоз ба шунавандагони бурси омӯзишӣ аз рӯи ихтисоси пешхизмат шаҳодатномаҳо супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз ба шунавандагони бурси (курси) омӯзишӣ аз рӯи ихтисоси пешхизмат шаҳодатномаҳо супорида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои Кумита, бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ омода кардани мутахассисони донандаи забон, фарҳанг, таърих ва технологияҳои муосир, такмили ихтисос ва тақвияти неруи инсонӣ, аз ҷумла идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва маркетологҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст.
Соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бурсҳои омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои пешхизмати тарабхона, пешхизмати меҳмонхона, роҳбалад, барандаи экскурсия аз ҳисоби муассисаҳои хизматрасонӣ ҷалб гардида, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар заминаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода бо роҳбарон ва кормандони меҳмонхонаю ошхонаҳои ноҳияи Дарвоз вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо баргузор гардид.


Зикр карда шуд, ки Дарвоз яке аз ноҳияҳое ба шумор меравад, ки барои пешрафту рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми имкониятро доро мебошад. Аз ин рӯ, омода кардани мутахассисони соҳибкасб барои қабулу хизмтрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳим мебошад.
Бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва фаро гирифтан дар бурсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ фароҳам оварда шуда, онҳо ҷиҳати огоҳ будан аз вазъи соҳа ва маълумоти беҳтар пайдо кардан ҷалб карда мешаванд.
Аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ба шунавандагони бурси омӯзишӣ аз рӯи ихтисоси пешхизмат шаҳодатномаҳои хатм супорида шуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






