Дар вилояти Хатлон бурсҳои ройгони ронандагӣ барои даъватшавандаҳо роҳандозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон бурсҳои (курсҳои) кутоҳмуддати ронандагӣ бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин бор ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи вилояти Хатлон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо интихоб ва пуррасозии сафи даъватшавандагонро дар бурсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон на камтар аз 30%-и нақшаи даъвати баҳории соли 2023 амалӣ менамоянд. Маблағгузории ин бурсҳо аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин карда мешавад.
Иқдоми мазкур бо қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳории соли 2023» амалӣ карда мешавад. Тибқи ин қарор, ҳамчунин Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки барои на камтар аз 5%-и шумораи умумии даъватшавандагон ба хизмати аскарӣ бояд бурсҳои кутоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергар ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳ зарурро гузаранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






