Дар вилояти Новосибирски Россия муҳоҷирони корӣ намерасанд
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари вилояти Новосибирск Андрей Травников гуфт, ки дар минтақа «норасоии қувваи корӣ қариб дар ҳамаи соҳаҳо ба назар мерасад». Дар ин бора ӯ зимни барномаи мустақими телевизионӣ бо Президенти Россия Владимир Путин изҳор дошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кремл.
Ҳамзамон Андрей Травников баён дошт, ки иқтисоди минтақа ба таҳримҳо оромона вокуниш намудааст.
«Иқтисоди мо хеле гуногунсамта буда, ба соҳаҳои алоҳида вобаста нест. Таҳримҳо ба вазъи ҳолати бозори меҳнат қариб ки таъсир нарасониданд, вазъ мӯътадил аст, бекорӣ ҳатто коҳиш ёфтааст», — зикр кард Травников.
Дар минтақа норасоии мутахассисон бештар дар самтҳои саноат, савдо, кишоварзии мавсимӣ, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ эҳсос карда мешавад.
Дар ин бора қаблан муовини вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии вилояти Новосибирск Владимир Машанов хабар дода буд.
Коршиносон чунин меҳисобанд, ки омили асосии норасоии мутахассисон- «чоҳ»-и демографии солҳои 90-ум аст, ки ба баланд шудани синни аҳолии қобили меҳнат ва кам шудани вуруди ҷавонон ба бозори меҳнат алоқаманд аст.
Илова бар ин, намояндаи минтақавии «Авито Работа» дар Сибир Екатерина Салостий бар ин назар аст, ки ба нарасидани коргарон дар баъзе соҳаҳои саноат пандемия ва коҳиши ба он вобастаи ҷараёни муҳоҷират ба таври ҷиддӣ таъсир расонид.
Тибқи омор, тобистони соли 2022 шумораи ин гуна коргарон афзоиш ёфт ва аз сатҳи пеш аз пандемия ҳамагӣ 18% поинтар буд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»








СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд






