ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2023» дар Минск иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023», ки 5 – 11 феврал дар шаҳри Минск (Беларус) баргузор мегардад, ширкат мекунад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Барои Ҷоми мусобиқа ҳашт даста: Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Россия, Эрон, Беларус (ҳама – то 17 сол), инчунин дастаҳои мунтахаби то 16-солаи Белорус ва Россия мубориза мебаранд.
Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Узбекистон ва Россия бозӣ мекунанд. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Россия ва Эрон рақобат мекунад.
Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Рушд-2023 (вақти Душанбе нишон дода шудааст):
5 феврал (якшанбе)
13:30 — Қазоқистон – Россия (U-16)
15:50 — Россия – Тоҷикистон
18:10 — Беларус (U-16) – Эрон
21:00 — Беларус – Узбекистон
7 феврал (сешанбе)
14:00 — Қазоқистон – Узбекистон
16:20 — Россия – Эрон
18:40 — Беларус U-16 – Тоҷикистон
21:00 — Беларус – Россия U-16
9 феврал (панҷшанбе)
14:00 — Россия U-16 – Узбекистон
16:20 — Тоҷикистон – Эрон
18:40 — Беларус U-16 – Россия
21:00 — Беларус – Қазоқистон
11 феврал (шанбе)
13:00 — ҷойи чорум дар гурӯҳи «А» — ҷойи чорум дар гурӯҳи «В»
15:20 — ҷойи сеюм дар гурӯҳи «А» — ҷойи сеюм дар гурӯҳи «В»
17:40 — ҷойи 2-юм гурӯҳи «А» — ҷойи 2-юм гурӯҳи «Б»
20:00 — ғолиби гурӯҳи «А» — ғолиби гурӯҳи «Б».
ДАР АКС: мунтахаби Тоҷикистон то 17-сола бо либосҳои сафед. Акс: ФФТ








Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






