Имрӯз Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Январь 31, 2023 08:38

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 январ дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 09:30 дар Агентии беҳдошти замин баргузор карда мешавад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотиро соати 11:00 дар ин кумита доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 14:00 дар Кумитаи рушди маҳал доир карда мешавад.

Агентии хоҷагии ҷангал соати 15:00 нишасти матбуотиро дар Агентии мазкур баргузор менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Январь 31, 2023 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд