«КИШОВАРЗ», «ЗАНОНИ МУВАФФАҚ» ВА «АВТОҚАРЗ». «Амонатбонк» бо фоизҳои нисбатан паст се маҳсулоти қарзии нав пешниҳод кардааст

Январь 23, 2023 10:08

ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  ҷиҳати иҷрои  нишондиҳандаҳои асосии  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2023 се иқдоми қарзии нав -«Кишоварз», «Занони муваффақ» ва «Автоқарз»-ро  бо фоизҳои нисбатан паст пешниҳоди соҳибкорони ватанӣ ва дигар мизоҷон мегардонад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласае, ки дар «Амонатбонк» вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  шуд, таъкид  гардид, ки «Паём тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро фаро гирифта, дар доираи иҷрои нишондиҳандаҳои он  бояд масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан қарздиҳӣ ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои мамлакат қарор дошта бошад. Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва  ташкилоти қарзӣ ба аҳолию субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин  сатҳи зиндагии аҳолӣ беш аз пеш баланд мешавад. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми навбатӣ ба Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» супориш доданд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намоянд».

Дар робита ба ин супориш аз ҷониби «Амонатбонк» тадбирҳои бетаъхир андешида шуданд ва ташкили  се иқдоми  қарзии нав аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар ҷаласа, ки дар он намояндагони Парлумон, роҳбарияту ҳайати кормандони  «Амонатбонк» ва  масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд, дар баробари тахлили вазъи ичрои нишондихандахои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фаъолияти солонаи  ташкилоти ҳизбии «Амонат»-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» натиҷагирӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» соли гузашта фаъолияти пурсамар намуда, дар самти баланд бардоштани нуфуз ва тақвияти мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа корҳое зиёд ба анҷом расонидааст.

Аъзои ташкилоти ҳизбии «Амонат» бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва фарҳанги баланди маънавӣ ба натиҷаҳои  хуби корӣ  ноил гардида, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда мегузорад ва  дар оянда барои рушди фаъолияти бонкдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 

Январь 23, 2023 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст