«МИНИАТЮРАИ ТОҶИК: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО». Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Миниатюраи тоҷик: дирӯз, имрӯз ва фардо»- таҳти чунин унвон 4 феврал дар Душанбе ҳамоиши дуюми байналмилалӣ баргузор карда мешавад, ки ба гиромидошти хотираи санъатшинос, муҳаққиқи бузурги миниатюраи форсу тоҷик, профессор Муқаддама Ашрафӣ ва 30-солагии фаъолияти эҷодии рассом-миниатюрнигори маъруфи тоҷик Олим Камолзода бахшида шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» рассом-миниатюрнигор Олим Камолзода иттилоъ дод.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ масъалаҳои муҳими марбут ба рушди миниатюраи тоҷик, таърихи миниатюраи форсу тоҷик, махсусияти он, мактаби миниатюраи тоҷик, саҳми Олим Камолзода дар рушди ин санъат ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Баргузории ҳамоиши мазкур ба таҳкими ҳамкории судманд бо шарикон ва ба ин восита тарғиби миниатюраи тоҷик дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Маводи ҳамоиш дар китоби мусавваре ба ифтихори 30-солагии фаъолияти эҷодии рассом ва миниатюрнигори моҳир Олим Камолзода нашр хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миниатюра – равияи қадимии санъати рассомии форсизабонон буда, мардуми тоҷик ифтихор аз он дорад, ки меросбари ин навъи нодири ҳунар аст. Фарзанди бузурги миллати тоҷик Камолиддин Беҳзод яке аз бузургтарин рассомони миниатюра дар ҷаҳон аст, ки ӯро дар Шарқ бо номи «Монии сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафоэли Шарқ» эътироф намудаанд.
Санъати миниатюра соли 2020 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарии ЮНЕСКО шомил карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд






