НАМУНАИ ИБРАТ. Данғара беҳтарин ноҳияи вилояти Хатлон дар соли 2022 дониста шуд

Январь 11, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Данғара беҳтарин ноҳияи вилояти Хатлон дар соли 2022 дониста шуд ва сазовори Диплому мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ гардид. Диплом ва мукофотро дар вазъияти тантанавӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон супориданд.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси вилояти Хатлон ҷиҳати муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот ва ноҳияи беҳтарин озмуни вилоятӣ эълон гардида буд.

Зимни ҷамъбасти озмуни болозикр ноҳияи Данғара беҳтарин ноҳия дар вилояти Хатлон дар соли 2022 арзёбӣ гардид.

Мавриди зикр аст,ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҷавоб ба даъвати Пешвои миллаат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва дар доираи тадбирҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ноҳияи Данғара беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки симои деҳоти ноҳияро кулан дигаргун намудаанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 12 сентябри соли 2019,зимни суханронӣ ҳангоми ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ин ноҳия Президенти мамдакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Ноҳияи Данғара дар гузашта ва имрӯз низ бисёр фарзандони бонангу номус ва соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду саховатпеша дорад, ки метавонанд дар ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ бо роҳи таъсис додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти варзиш, таъмири роҳу пулҳо ва дигар амалҳои хайр барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба ҳамдиёрони хеш саҳми ватандӯстона гузоранд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба ноҳияи Данғара — дар деҳоти Пушинг, Қули Сӯфиён, Себистон, Оқсу ва Ғарғара дар маросими ба истифода додани муассисаҳои таълимиву тиббӣ, марказҳои хизматрасониву майдончаҳои варзиш, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок карда, изҳор дошта буданд, ки самараи заҳмати ватандӯстонаи соҳибкорони ҳимматбаланди деҳоти зикршуда барои дигарон намунаи ибрат мебошад.

АКС: МИҲД ноҳияи Данғара

Январь 11, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон