Нархномаҳои хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 тағйир намеёбанд
ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нархномаҳои хизматрасониҳои пулакии таълимӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2023-2024 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд) бетағйр мемонанд. Дар ин бора 22 декабри соли 2022 фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.
Инчунин бо фармоиши дигар нархномаҳои хизматрасонии пулакии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии ҷумҳурӣ барои соли 2023 дар сатҳи амалкунанда (ба истиснои муассисаҳои тиббии навтаъсис ва хизматрасониҳои пулакие, ки нав ҷорӣ мешаванд) бетағйр нигоҳ дошта мешаванд.
Нархномаҳои хизматрасониҳои нақшавии пулакии таълимӣ ва тиббӣ дар ин муассисаҳо тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар заминаи нархгузорӣ ва асосноккунии иқтисодии пешниҳодшуда таҳлил карда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






