ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси пешгӯиҳои коршиносон, бо тағйир ёфтани иқлим ва гарм шудани ҳарорати ҳаво дар даҳсолаҳои наздик пиряхҳои нисбатан хурд рў ба нестшавӣ оварда, дар охири асри ХХI пурра нест мешаванд. Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ва «яхзори абадӣ» бисёр минтақаҳо ба ботлоқ табдил ёфта, макони озодшавии бошиддати метан аз замин хоҳанд гардид.
Коршиносони соҳа муайян намудаанд, ки давоми соли гарми 2019 пиряхи Гренландия тақрибан 532 миллиард тонна ҳаҷмашро аз даст дод, ки ин нисбат ба рекорди қаблии соли 2012 68 миллиард тонна зиёд аст. Дар даҳсолаи охир аз тағйир ёфтани иқлим, пеш аз ҳама, кам шудани шумораи пиряхҳо ба мушоҳида мерасад. Обшавии зиёди пиряхҳо барои сайёра фоҷиаи бузург маҳсуб шуда, пеш аз ҳама, аҳолӣ дар чунин вазъият дучори мушкили норасоии об мегардад, ки ин проблемаи муҳими глобалӣ мебошад.
Ҷойгиршавии бештари пиряхҳои рӯйи замин ба қитъаи Осиёи Марказӣ рост меояд. Аз ин рӯ мушкилоти норасоии об барои ин минтақа солҳои оянда низ бештар хоҳад шуд, зеро пиряхҳои ин қитъа, хусусан пиряхҳои кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар таъмин намудани Амударё ва Сирдарё бо об, ки калонтарин дарёҳои обёрикунандаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Арал ба ҳисоб мераванд, нақши муҳим мебозанд. Дар чунин шароит, ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ имрӯз, соатҳои 09:30, 17:30 ва 21:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки омўзгори кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Сайфиддин ВАЛИЕВ, дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Наврўзи НУРУЛЛО пешниҳоди шунавандагон карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»