ОБУ ҲАВО. Дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 13 дараҷа хунук мешавад
ДУШАНБЕ, 13.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 16 январ дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво шабона то 24 дараҷа хунук ва рӯзона то 13 дараҷа хунук шуда, дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 6-11 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 21-26 дараҷа хунук, рӯзона 13-18 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 17 то 22 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа хунук, дар доманакӯҳҳо шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 17-17 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17-19 дараҷа хунук, рӯзона 12-14 дараҷа хунук мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






