ОБУ ҲАВО. Рӯзи 10 январ ва шаби 11 январ дар Тоҷикистон боришоти бошиддати барф пешгӯй мешавад
ДУШАНБЕ, 10.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 10 январ ва шаби 11 январ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ боришоти бошиддати барф пешгӯӣ шуда, дар қисми зиёди ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани тормеғ (дурии биниш камтар аз 50 метр) дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф меборад. Дар ноҳияи Дарвоз боришоти борон ва барфи бошиддат ба амал меод. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон бо гузариш барф, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-5, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ба барф гузашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти борон ва барф бошиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, борон бо гузариш ба барф бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 9-14 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






