ОБУ ҲАВО. Рӯзи 10 январ ва шаби 11 январ дар Тоҷикистон боришоти бошиддати барф пешгӯй мешавад

Январь 10, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 10.01.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи 10 январ ва шаби 11 январ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ боришоти бошиддати барф пешгӯӣ шуда, дар қисми зиёди ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани тормеғ (дурии биниш камтар аз 50 метр) дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф меборад. Дар ноҳияи Дарвоз боришоти борон ва барфи бошиддат ба амал меод. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 2-7  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон бо гузариш барф, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бошиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-5,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ба барф гузашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти борон ва барф бошиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук,  рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, борон бо гузариш ба барф бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 9-14 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.

Январь 10, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд