ПАСТТАРИН НИШОНДИҲАНДА ДАР 30 СОЛИ ОХИР. Бонки ҷаҳонӣ пешгӯии рушди иқтисоди ҷаҳонро якбора поён бурд

Январь 11, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе, 10 январ Бонки ҷаҳонӣ пешгӯии рушди иқтисоди ҷаҳонро аз 3,0% (тибқи пешбиниҳои моҳи июни соли 2022) то 1,7% поён овард. Ин пасттарин нишондиҳанда дар 30 соли охир ба истиснои солҳои буҳронии 2009 ва 2020 мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Deutsche Welle.

Гуфта мешавад, ки ба далели авзоъ дар Украина ва афзоиши мизони фоизии бонкҳои марказии миллӣ бисёре аз кишварҳо дар остонаи таназзул қарор доранд. Ба эътиқоди коршиносони ташкилот, ба ин тартиб, суръати афзоиши иқтисоди кишварҳои рушдкардаи саноатӣ ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла, барои ИМА ва ҳамчунин кишварҳои минтақаи Аврупо, ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, суръати афзоиш ҳамагӣ 0,5% хоҳад буд.

Ҳамзамон, дар пешгӯӣ хавфи таназзули ҷаҳонӣ, ки метавонад дар натиҷаи таконҳои ғайричашмдошт, ба мисли даври навбатии танишҳои геополитикӣ ё хуруҷи нави пандемияи коронавирус оғоз шавад, ифода ёфтаанд.

Аз пешгӯӣ бармеояд, ки дар ҳамин ҳол, кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонанд бо мушкилоти хуруҷи сармоягузорӣ рӯбарӯ шаванд. Аллакай ин кишварҳо аз қарзи бузурги давлатӣ ва заъфи асъори миллӣ азият мекашанд.

Иқтисоди Чин, тибқи ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2023 4,3% афзоиш хоҳад ёфт. Ин нисбат ба пешгӯии моҳи июни соли 2022 0,9% камтар аст. Ба далели маҳдудиятҳои қатъӣ барои мубориза бо коронавирус, инчунин вазъ дар бозори амволи ғайриманқул ва коҳиши талабот, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Чин соли 2022 ҳамагӣ 2,7% афзоиш ёфт, ки ин яке аз заифтарин нишондиҳандаҳо аз миёнаҳои солҳои 1970-ум буд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, қаблан Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2023 6,0 фоиз пешбинӣ карда буд. Дар ин бора дар шарҳи «Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ», ки аз ҷониби мутахассисони Бонк таҳия шудааст, гуфта мешуд.

Таҳлилгарони Бонки Авруосиёии рушд пешгӯӣ карданд, ки иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои дигари аъзои ин бонк дар соли 2023 босуръат рушд менамояд ва дар поёни сол маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5% хоҳад буд. Соли 2023 афзоиши иқтисоди Арманистону Қазоқистон дар сатҳи 4,2%, Қирғизистон — 3,5% ва Беларус — 0,3% ва коҳиши иқтисоди Россия дар сатҳи 2% пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, тибқи пешгӯии мутахассисони Бонки Авруосиёии рушд, сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз 6,9%-и соли 2022 то 6% коҳиш хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, сатҳи таваррум дар соли 2024 дар сатҳи 6,1% хоҳад буд.

«Омили асосии муайянкунандаи суръати ин раванд тафовути сатҳи таваррум байни Тоҷикистон ва шарикони тиҷоратии он хоҳад буд», — гуфтанд таҳлилгарон дар макропешгӯии Бонки Авруосиёии рушд барои соли 2023.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли 2023 мутобиқи пешгӯиҳо беш аз 115 миллиард сомониро (зиёда аз 10,1 миллиард доллар) ташкил хоҳад дод.

Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8% пешбинӣ гардидааст. Иқтисоддонҳо инчунин афзоиши таваррумро дар кишвар соли 2023 дар сатҳи 7,1% пешгӯӣ мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 5 миллион нафар дар Тоҷикистон муштариёни интернети мобилӣ мебошанд
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ дар муқоиса ба соли гузашта 5 фоиз зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор гектар замини нав аз худ карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи бузи пармашох ё морхӯр дар Тоҷикистон то ба зиёда аз 7 ҳазор сар мерасад
Дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 1 миллион килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ аз муомилот гирифта шуд
Дар ноҳияи Деваштич кишти картошка ба 10 ҳазор гектар расонида мешавад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДЕҲОТИ РАҚАМӢ. Лоиҳа бо мақсади беҳтар намудани дастрасии интернет ва алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» расман оғоз гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад