ПАЁМ — РАҲНАМО. Ба сокинони Шуғнон нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳим тавзеҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон ҳар яки мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки мехоҳанд оромии давлату миллатро халалдор созанд, муборизаи беамон барем, инчунин ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия ва ба камол расонем. Ин матлаб зимни шарҳи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сокинони Шуғнон баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.
Бо мақсади ташреҳу тавзеҳи Паём дар маркази ноҳияи Шуғнон роҳбари дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, мудири шуъбаи ташвиқотӣ ва таблиғотии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода, Раиси ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова ва муовини Раиси ноҳияи Шуғнон Гулғунча Саидарабзода бо аъзоёни ҲХДТ вохўрӣ доир намуданд.
Нахуст муовини раиси ноҳияи Шуғнон Гулғунча Саидарабзода иброз намуд, ки аъзоёни ҲХДТ ва сокинони ноҳия сиёсати хирадмандонаи Раиси ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Абдураҳмон Хонзода бобати Паёми навбатии Пешвои миллат фикру андешаҳояшро баён намуда, зикр кард, ки ин ҳуҷҷат раҳнамо барои ҳар як сокини шарафманди ватанамон мебошад. Мавсуф ҳамзамон ҳар як нуқтаи Паёмро таҳлилу баррасӣ намуд.
Инчунин Садриддин Ширинбекзода ва Зунайда Раҷабова низ аз хусуси Паёми ироагардида суханронӣ намуда, баён доштанд, ки мо бояд дар замони муосир бештар ба тарбияи насли наврасу ҷавонон диққат дода, онҳоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия ва ба камол расонем, зеро ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақшашон дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
Дар охир иштирокдорон низ фикру андешаҳояшонро бобати Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат баён доштанд.
АКС: МИҲД Шуғнон








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






