Раиси вилояти Хатлон Шаҳло Сайдалиеваро бо 15 000 сомонӣ қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиеваро бо «Ифтихорнома» ва мукофоти пулӣ ба маблағи 15 000 сомонӣ қадрдонӣ намуд. Инчунин ба ғолибони се озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — Фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», яъне гирандаи ҷойи аввал 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюми 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз 15 нафар омӯзгорон, 28 нафар гирандагони Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон «Соҳибватан» ва 15 нафар гирандагони Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон «Омӯзгори ифтихории Хатлон» бо туҳфаҳои пулӣ ва «Сипоснома» сафароз гардонида шуданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш намоиши дастовардҳои наврасону ҷавонони донишвар, ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва сабқатҳои варзишӣ пешниҳод гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «ҷавонону варзишгарон ояндасозони давлату миллати тоҷик ҳастанд ва итминони давлату Ҳукумати мамлакат ба онҳо хеле қавӣ аст. Ба таъкиди Сарвари давлат, воқеан «ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад».
Соли 2022 шумораи гирандагони стипендияи Раиси вилояти Хатлон 130 нафарро ташкил дода, ҷараёни баргузорӣ ва таъмини шаффофият дар озмуни гирандагони стипендияи Раиси вилояти Хатлон аз ҷониби масъулини соҳа зери назорат қарор дода мешавад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ин ҳама таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба ташвиқи наврасону ҷавонон ба илму донишандӯзӣ равона гардида, аз ҳар намояндаи насли нав масъулияти ҷиддиро нисбат ба таҳсилу омӯзиш, иштироки фаъолона дар барномаҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва ҳифзи суннату арзишҳои миллӣ тақозо мекунад.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






