ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун заминаи ташаккулдиҳандаи муносибатҳои дипломатии мамлакат дар муаррифии ҳадафҳои глобалӣ сахми назаррас гузоштааст. Маҳз бо пешбарӣ намудани сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳалли муҳимтарин масоили экологии ҷаҳонӣ ташаббусҳои созанда пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба кишвари хайрхоҳу башардўст будани Тоҷикистон ҷалб намояд. Дар навбати худ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим имрўз нуфузи мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, пешсафии мамлакати моро дар ин масъала тарғиб мекунанд.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи наверо барои густариши ҳамкории байналмилалии он дар арсаи ҷаҳонӣ кушод.
Маҳз мушкилоти норасоии оби тоза, безараргардонӣ ва самаранок истифода бурдани он, инчунин пешгирии хатарҳои марбут ба об Тоҷикистонро водор сохт, ки дар ҳалли ин масъалаҳо ташаббус нишон диҳад. Ироаи панҷ ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, пеш аз ҳама, имконияти Тоҷикистонро дар ташкил намудани чорабиниҳои сатҳи минтақавиву байналмилалӣ бештар намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бештар кард.
Тафсилоти бештари мавзӯъ имрӯз, соатҳои 09:30, 17:30 ва 21:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар АШӮРОВ дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Абдураҳмони РУСТАМ пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»