ТАСС: Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз фаъолнокии раванди музокирот оид ба демаркатсияи сарҳад ҷонибдорӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров рӯзи шанбе зимни суҳбати телефонӣ аз фаъолнокии раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштараки ду кишвар изҳори ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
«Ҷонибҳо аз мавқеъгирии созанда дар ҳалли тамоми масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва фаъолнокии раванди музокирот дар қолаби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуданд», — омадааст дар иттилоия.
Ахиран тавсифи тақрибан 100 километри хатти сарҳадӣ анҷом дода шуд. Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашуда аллакай тақрибан 625 километр ё 63% дарозии умумии онро ташкил медиҳад.
«Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон пешрафт дар раванди таъмини хати сарҳадро зикр намуда, ҳамчунин таъкид кард, ки сарони ду кишвар ҷонибдории худро ҷиҳати ҳалли ҳама гуна мушкилоте, ки дар ин раванд ба миён меоянд, танҳо аз тариқи василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳор доштанд», — менависад ТАСС.
АКС: caviral.com








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






