ТАВАҶҶУҲ! Дар Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муайян шудааст
ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муайян карда шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар медиҳад.
Дар робита ба ин Вазорати корҳои дохилии мамлакат аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, даъват менамояд, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Барои ивази шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин, аз ҷумла шиносномаи намунаи соли 1996, рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН), маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ), расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд), дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот, шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ) ва як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х 4,5 мм зарур мебошанд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ширкатҳои алоқаи мобилӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 (ID корт) зиёда аз 6,1 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаи азнавбақайдгирӣ моҳи ноябри соли 2022 ба 69 747 адад симкорт баробар гардид.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» барои аз нав ба қайд гирифтани SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ дар асоси шиносномаи ID, намунаи соли 2014 Хадамоти алоқа барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014-ро надоранд, то 15 феврали соли 2023 чораҷӯӣ менамояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






