ТАВАЛЛУДИ ФАВҚУЛОДА! Дар ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд бо кумаки мусофирон духтарча ба дунё омад
ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе, 14 январ дар ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии», ки аз Москва ба Хуҷанд парвоз мекард, духтарча ба дунё омад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ширкати ҳавопаймоӣ дар шабакаи Telegram хабар додааст.
«Дар ҳавопаймои «Уральские авиалинии» духтарчае таваллуд шуд! Ин дар хати парвози Жуковский — Хуҷанд рух дод. Баъди ба баландӣ баромадан мусофир дар шикамаш дард ҳис карда, дар ин бора ба экипаж хабар дод. <…> Духтарча солим таваллуд шуд (қадаш 46 см, вазнаш 2600 гр). Ҳангоми фуруд мошини ёрии таъҷилӣ модарро интизор буд. Онҳо аллакай аз беморхона мураххас шуда, ҳарду худро нағз ҳис мекунанд», — гуфта мешавад дар иттилоия.
«Чун афсона дар ҳавопаймо қариб як таваллудхонаи мукаммал мавҷуд буд: неонатолог (!), ду ҳамшира-акушеркаҳо ва ҳатто духтури рентгенолог. Кормандони тиб вазъиятро арзёбӣ намуда, тартиби амалро мувофиқа карданд. Роҳбари экипаж аз табибон зарурати дар фурудгоҳи наздиктарин ба таври фавқулода фуруд омаданро пурсон шуд. Аммо табибон итминон доданд, ки зарурат надорад ва пас аз як соат аллакай кӯдаки зебо таваллуд шуд», — иброз доштанд дар хадамоти матбуоти ширкати «Уральские авиалинии».
Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ба экипажи хатсайри U6-2425 Жуковский — Хуҷанд барои кумак ба табибон дар таваллуди кӯдак зимни парвоз изҳори сипос кард:
— Клюева Кристина – роҳбалади калони экипаж
— Журба Анастасия – роҳбалади экипаж
— Ким Виктор – роҳбалади экипаж
— Стартсева Елизавета – роҳбалади экипаж
— Мусаилов Артём – роҳбалади экипаж
— Рижакин Валентин – роҳбари экипажи ҳавопаймо
— Дичев Денис – пилоти дуюм.
АКС: «Уральские авиалинии»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






