ТО ОХИРИ ЯНВАРИ СОЛИ 2023 ТӮФОНҲОИ ШАДИДИ МАГНИТӢ ПЕШГӮӢ МЕШАВАНД. Дар ин маврид ба АМИТ «Ховар» дар Институти астрофизика чӣ гуфтанд?

Январь 18, 2023 12:05

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /НИАТ «Ховар»/. Ду даҳаи аввали моҳи январи соли 2023 дар муҳити хеле ороми геомагнитӣ ба охир мерасанд. Вале то охири моҳи аввали сол сокинони сайёраро  се тӯфони шадиди магнитӣ интизоранд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин аз пешгӯии тӯфонҳои магнитӣ дар  моҳи январи соли 2023, ки дар сомонаи Gismeteo нашр шудааст, бармеояд.

Тавре аз ҷадвал дида мешавад, ба наздикӣ тӯфони магнитии дурӯза пешгӯӣ мешавад: рӯзи панҷшанбе, 19 январ ва ҷумъаи 20 январ. Он аз ҷиҳати қувват хеле ҷиддӣ хоҳад буд. Сипас дар охири моҳ, яъне  26 ва 27 январ тӯфони дигар пешгӯӣ шудааст.

«Тӯфонҳои геомагнитӣ падидаҳои табиии геофизикӣ буда, ба фаъолияти Офтоб алоқаманданд, ки давра ба давра дар сатҳи Офтоб дар шакли партоби плазма ба амал меоянд. Ҳангоми таркиши  боиқтидор ин плазма метавонад то ба сайёраи Замин расад, — гуфт Директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова. -Аммо бояд гуфт, ки Замин аз чунин  ҳодисаҳо  ҳимояи хуб дорад. Яъне Замин майдони магнитӣ дошта,  метавонад дохилшавии ин плазмаро хеле кам кунад».

Гулчеҳра Қоҳирова, Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ

Ба гуфтаи мусоҳиб, баъзан таъсири таркишҳои  хеле пуриқтидор метавонад  то ба Замин расад.  «Аммо ягон тадқиқоти илмӣ дар ин самт алҳол вуҷуд надорад, ки тӯфонҳои геомагнитӣ метавонанд ба одамон хатар дошта бошанд», — иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова.

Ба андешаи олим, албатта, дар ин рӯзҳо нафароне, ки гирифтори бемориҳои дилу раг ва фишорбаландиянд,  инчунин пиронсолон ва занони ҳомила бояд саломатии худро эҳтиёт кунанд. Онҳо бояд доруҳоеро, ки барои пешгирии бемориашон  истеъмол мекарданд, хӯранд,  бе зарурат ба берун набароянд ва  бештар истироҳат кунанд, ва албатта, хавотир нашаванд.

«Аз таъсири ин гуна падидаҳо набояд зиёд хавотир шуд», — хулоса кард Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз/АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2023 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст