40 нафар шахсони масъул барои ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида 40 нафар шахсони масъулро барои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорон ба ҷавобгарӣ кашид. Дар ин хусус дирӯз зимни нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба беҳтар шудани фазои соҳибкорӣ дар мамлакат мусоидат намуд. Дар раванди риояи фармони мазкур аз ҷониби прокуророн 114 ҳолати гузаронидани санҷишҳои ғайриқонунӣ, дахолат ба фаъолияти соҳибкорон, беасос ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ошкор ва барои роҳ додан ба чунин камбудиҳо 40 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иброз дошта шуд, ки зимни бунёди биноҳои баландошёна аз ҷониби баъзе ширкатҳои сохтмонӣ ҳолатҳои поймол намудани ҳуқуқҳои ҳиссагузорон муайян карда шуда, зарари ба онҳо расонидашуда барқарор гардид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






