АНДОЗА НИГОҲ ДОР! Меъёри ҳамлу нақли бор дар роҳҳои Тоҷикистон то 40 тонна аст
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи охир 17742 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба ронандагон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 2,8 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 188 фоиз зиёд мебошад. Инчунин барои интиқоли борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда дар маҷмуъ 163 иҷозати махсус дода шудааст.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мошинҳои гаронвазни бо бори зиёда аз 40 тонна вақтҳои охир роҳҳои бо заҳмату маблағи зиёд сохташударо вайрон карда, ба соҳаи мазкур хисорот расонида истодаанд.
Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода мегӯяд, ки «мо кӯшиш мекунем, фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, роҳҳоро аз вайроншавӣ нигоҳ дорем, зеро вазни воситаи нақлиёти бораш аз 40 тонна зиёд (барои мошинҳои аз 6 меҳвар зиёддошта 44 тонна) роҳро вайрон намуда, муҳлати лоиҳавии истифодабарии роҳҳоро кам мекунад ва дар натиҷа ба давлат садҳо миллион доллар зарари молиявӣ мерасад».
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёти бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» назоратро пурзӯр намуда, ҳамарӯза нисбат ба қоидавайронкуниҳои ошкоргардида чораҳои маъмурӣ меандешад.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркашонӣ шумораи воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои мошингард рӯз аз рӯз кам гардида истодааст. Мувофиқи ин қарор ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн бояд чунин бошад: Бари ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 2,5 метр, дар воситаҳои нақлиёти рефрежиратордор 2,6 метр, баландӣ дар ҳама намуд воситаҳои нақлиёт 4 метр, дарозии воситаҳои нақлиёти устувор 12,0 метр ва вазни воситаи нақлиёт якҷоя бо бор аз 40 тонна набояд зиёд бошад.
Ҳамчунин барои борҳои тақсимнашаванда иҷозати махсус муқаррар гардида, онро ҳам бояд дар мошинҳои гаронвазн аз рӯи масофаи байни меҳварҳо, ки тибқи қарори болозикр муайян гардидаст, риоя намоянд.
Барои риоя накардани андозаҳои муқарраргардида ва аз меъёр зиёд гирифтани бор аз 20 то 30 доллари амрикоӣ барои 1 тоннаи иловагӣ дар як километр ҷуброн таъйин гардидааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад






