АРТИШИ МИЛЛӢ-КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАН. Дар Истаравшан дар ин мавзуъ маҳфили телевизионӣ доир карда шуд
СУҒД, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Фирдавсӣ»-и шаҳри Истаравшан бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ-кафили соҳибистиқлолии Ватан» маҳфили минтақавии телевизионӣ доир карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Маҳфил бо ташаббуси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуда, дар он афсарону сарбозон, собиқадорони ҳарбӣ, ҷавонон, модарони аскарон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон иштирок намуданд.
Собиқадорони ҳарбӣ, афсарон, модарони сарбозон, ҷавонон ва фаъолон, шоиру нависандагон оид ба 30 — солагии таъсиси Артиши миллӣ, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагии мамлакат, шароити хуби қисмҳои низомӣ барои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ибрози андеша намуда, ҷавононро даъват намуданд, ки ба ватани хеш содиқона хизмат кунанд.
Гуфта шуд,ки имрӯз ҷавонони синни даъватиро зарур аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш камари ҳиммат баста, бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ адои хизмат намоянд.
Зимни ҳамоиш якчанд нафар сарбозон, волидон ва собиқадорони ҳарбӣ бо сипоснома ва нишони сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуданд. Барои сарбозон дастархони идона ороста, барномаи фарҳангӣ манзур намуданд ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Инчунин ба китобхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ китобҳои тозанашр туҳфа карда шуданд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






