Ба 66 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон кумаки моддии Пешвои миллат расонида шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Комиссияи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 66 хонаводаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, кумакҳо 23 феврал дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ ба зарардидагон тақсим карда шуданд.
Кумаки мазкур бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас гардид.
Ин кумак аз 25 номгӯй дар ҳаҷми 40 тонна, аз ҷумла либосҳои зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, бухориҳои чӯянӣ, катҳои хоб бо ҳама лавозимот иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир бештар сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи вилоят зарар дидаанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






