БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. То соли 2025 дар Ҳисор 10 ҳазор аҳолӣ соҳиби манзил мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 59 бинои баландошёна бо масоҳати 181,8 ҳазор метри мураббаъ бунёд ва то соли 2025 беш аз 10 ҳазор нафар соҳиби манзил мегарданд. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар қисмати бештари ин биноҳои баландошёна босуръат идома доранд.
Тавре Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, «бунёди биноҳо дар доираи татбиқи марҳилаи якуми Нақшаи генералии шаҳри Хисор, ки даҳ сол муқаддам аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, сурат мегирад. Инчунин дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Ҳисор бо дастгирии соҳибкорон ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони муассисаҳои муосири томактабӣ, таълимӣ ва дигар инфрасохтори замонавии хизматрасонӣ пешбинӣ карда шудааст».
Таъкид шуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Теъдоди лоиҳаҳои чорабиниҳои он аз 654 адад ба 2071 адад расида, маблағи он 1 миллиард сомонӣ зиёд карда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд






