CУТ ба муттаҳид кардани кӯшишҳо барои таъмини фаромарзии кумакрасонии башардӯстона байни Туркия ва Сурия даъват кард

Февраль 15, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овард, ки барои таъмини фаромарзии кумакрасонии башардӯстона байни Туркия ва Сурия, инчунин дар дохили Сурия якҷоя кор кунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ додааст.

Директори дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клуге ин заминларзаро бадтарин офати табиӣ дар минтақа дар садсолаи охир арзёбӣ намуда, муҳимияти ҳамкорӣ дар расонидани кумакро таъкид кард.

«Талабот бузург буда, ҳар соат калон афзоиш меёбанд. Тақрибан 26 миллион аҳолии ду давлат ба кумаки башардӯстона ниёз доранд»,-гуфт ӯ рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ.

Xанс Клуге таъкид кард, ки Туркия талафоти фалокатоварро аз сар гузаронид. Дар натиҷаи заминларза дар кишвар беш аз 31 ҳазор нафар ҳалок ва 100 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳазорон  нафар  манзилҳои худро аз даст доданд ва дар айни замон одамон дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар минтақаи сарҳадии шимолу ғарбии Сурия тақрибан 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд ва интизор меравад, ки ин рақам афзоиш ёбад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ инчунин ишора намуд, ки нигарониҳо оид ба хатарҳо ба саломатӣ вобаста ба ҳавои сард, пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ зиёд мегарданд. Ҳамзамон беморхонаҳои Туркия бо сабаби воридшавии маризон таҳти фишори шадид қарор доранд — пас аз заминларзаи шадид 80 ҳазор нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қаблан даъват карда буд, ки барои кумак дар рафъи оқибатҳои заминларза  43 миллион доллар ҷудо карда шавад. Ҳанс  Клуге баён дошт, ки ин миқдор маблағ метавонад дучанд шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағҳо барои таъмин намудани одамони аз ҳама осебпазир бо кумаки шикастабандӣ, дорувориҳои зарурӣ, дастгирии равоншиносӣ ва равоншиносии иҷтимоӣ, инчунин  таъмини бонизоми одамон бо хизматрасонии тиббӣ истифода бурда мешаванд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд