Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нуҳ ихтисоси нав ҷорӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва татбиқи муқаррароти «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нуҳ ихтисоси нав ташкил карда шуд, хабар доданд зимни нишасти матбуотӣ дар ин донишгоҳ.
«Полиси сайёҳӣ», «Тибби сайёҳӣ», «Сайёҳии осоишгоҳӣ-табобатӣ», «Иқтисодиёти рақамӣ», «Зеҳнӣ сунъӣ», «Кибернетикаи иқтисодӣ», «Хадамоти консулӣ», «Муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Сиёсати берунӣ ва дипломатия» аз ихтисосҳои наве мебошанд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҷамъи ихтисосҳои амалкунанда дар донишгоҳ бо назардошти талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат ба 77 адад расонида шуд. Соли сипаригардида омӯзгорони донишгоҳ пайваста дар машғулияти омӯзишӣ, ки аз ҷониби «Маркази зеҳни сунъӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва коршиносон аз Ҷумҳурии Корея ташкил карда шуд, фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон 28 нафар омӯзгори донишгоҳ барои гузаштан аз даврҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла дар Форуми байналмилалии «Марҳилаи нави ҳамкории кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ», Форуми ректорони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, Форуми 12-уми иқтисодии ҷавонони Авруосиё, Форуми байналмилалии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Панҷоб, Мумбай (Ҳиндустон), Куала-Лумпур (Малайзия), Тифлис (Гурҷистон), Москва, Қазон, Екатерингбург (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва Тошканду Самарқанд (Узбекистон) доир гардиданд, иштирок намуданд.
Дар ин давра дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии касбии давлатҳои хориҷӣ 18 нафар олимону профессорони донишгоҳҳои байналмилалии мамлакатҳои хориҷӣ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуда, бо шароит ва раванди таҳсилу таълим дар ин муассисаи олии мамлакат шинос шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд






