Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 586 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил доранд

Февраль 9, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар асоси шартнома ва қарордодҳои муштарак 12 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷиҳати идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла 5 нафар ба Ҷопон, 2 нафар ба Кореяи Ҷанубӣ ва 5 нафар ба Ҳиндустон сафар намуданд. Чунин иттилоъ дод 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода ба хабарнигорон.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар донишгоҳ 442 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 3 нафар шаҳрванди хориҷиянд- як нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон.

“Дар давраи ҳисоботӣ шумораи созишномаҳои ин донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ба 53 адад расида, он бештар фарогири ҳамкории дуҷониба дар самти табодули донишҷӯён, баргузории ҳамоишу конференсияҳои муштарак ва монанди инҳо мебошанд”,-гуфт номбурда.

Инчунин дар донишгоҳ 586 нафар шаҳрванди хориҷӣ, хусусан аз Туркманистон 3 нафар, Қирғизистон- 1 нафар, Афғонистон- 3 нафар, Узбекистон- 576 нафар, Федератсияи Русия- 2 нафар ва Қазоқистон- 1 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин дар ин давра 7 нафар шунаванда дар донишгоҳ таҳсил намуда, ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд.

Дар нишасти матбуотӣ оид ба шароити таҳсил ва макони будубоши 3 нафар донишҷӯёни Афғонистон тазаккур дода шуд, ки онҳо аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дастгирӣ ёфта, бо тамоми шароити зарурӣ таъминанд ва таҳсилашон дар муассиса ройгон мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон дар меҳвари фаъолияти тарбиявии донишгоҳ қарор дошта, раёсати донишгоҳ ба 8 нафар донишҷӯи ятими кулл ҳар моҳ дар ҳаҷми 250 сомонӣ кумакпулӣ таъйин намудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид