Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид

Февраль 27, 2023 14:37

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод доир карда шуда, дар доираи он байни хатмкунандагон даври ниҳоии олимпиада баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар ин рӯз қариб 2000 хатмкунанда аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисос ва факултетҳои донишгоҳ дар Рӯзи дарҳои кушод иштироки фаъолона намуд.

Дар доираи Рӯзи дарҳои кушод инчунин байни хатмкунандагон олимпиада доир карда шуд. Тибқи барномаи олимпиада, аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд.

Дар робита ба ин бо хатмкунандагон мулоқот доир шуда, ғолибони олимпиада муайян гардиданд.

Беш аз 350 нафар хатмкунандагони ноҳияҳои дурдаст, ки тариқи онлайн дар олимпиада ширкат варзида, соҳиби холҳои зиёд шуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

АКС: шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Февраль 27, 2023 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд