Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ду ихтисоси нав- «зеҳни сунъӣ» ва «баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» ҷорӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти раванди рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат, талаботи муосири бозори меҳнат ва таклифу пешниҳоди кордиҳандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли сипаригардида дар донишгоҳ ду ихтисоси нав- «зеҳни сунъӣ» ва «баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» ҷорӣ ва соҳиби иҷозатнома гардида, аз сентябри соли 2022 ба курси аввали ихисосҳои нав донишҷӯён қабул гардиданд. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар ин хусус иттилоъ дод.
Номбурда доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли гузашта, сатҳу сифати таълим, раванди корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи амалии онҳо, тақвияти базаи моддию техникӣ, истифодаи техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ, бозомӯзии касбии кормандон ва ҳамкории байналмилалии донишгоҳ ба хабарнигорон гузориши муфассал дод.
Мавсуф иброз дошт, ки «ҳоло дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои калидӣ дар самти омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ барои рушди соҳаҳои саноат, технология ва дар маҷмӯъ бозори меҳнати мамлакат маҳсуб мешавад, 8 факулта, 20 кафедра, 2 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд. Дар донишгоҳ 255 гурӯҳи академӣ мавҷуданд, ки таълим дар 172 гурӯҳ ба забони тоҷикӣ, дар 79 гурӯҳ ба забони русӣ ва дар 4 гурӯҳ ба забони англисӣ мебошад. Инчунин дар шашмоҳаи аввали соли таҳсил тадриси 400 фанни таълимӣ ва дар нимсолаи дуюм 336 фанни таълимӣ пешбинӣ гардидааст».
Таъкид гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ ба ҷобаҷогузорӣ ва бозомӯзии кадрҳо, раванди таълим, хусусан баланд бароштани сатҳу сифати он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 178 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 12 нафарро докторони илм ва 100 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар донишгоҳ ба 62,9 фоиз баробар мебошад, ки ба талаботи меъёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли равон 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад
Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ оғоз гардид
Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд






