Дар Душанбе Мусобиқаи варзишӣ оид ба шашкаву шоҳмот оғоз ёфт

Февраль 27, 2023 11:04

ДУШАНБЕ, 27.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, дар фарҷом ғолибону ҷоизадорони он бо медалу диплом, ҷом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Мусобиқаи мазкур дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо инкишофи ҷисмониву зеҳнии шаҳрвандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2023 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад