Дар Душанбе оид ба таҳкими иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ёдгориҳо ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) оид ба рушди маҳорати кормандони бахши ҳифзи ёдгориҳо ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз танзими ин ҳамоиш таҳкими абзори ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихии мамлакат ва тарғибу ташвиқи он ҷиҳати ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиши мазкур дар бораи механизмҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалӣ дар ин мавзуъ пешбинӣ шудаанд, маълумоти бештар гирифтанд.
Дар ҳамоиш мутахассисон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуданд ва дар анҷом ба онҳо шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






